Муносибатҳои наздик ва дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин гарави бунёдии рушди фаъоли ҳамкорӣ мебошад

Май 18, 2023 10:49

ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду мамлакат ба манфиати тарафайн инкишоф ёфта, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирад. Муносибатҳои наздик ва дӯстонаи сарони ду давлат гарави бунёдии рушди фаъоли ҳамкорӣ мебошад. Чунин изҳори андеша кардааст Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст. 

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор шуда, имрӯз Чин яке аз шарикони бузургтарини иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ба шумор меравад. Вусъати минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз давлатҳои пешрафтаи минтақа барои Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.

Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин соли 2013 Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои ба роҳ мондани муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки заминаи устувори рушди дарозмуддати Тоҷикистону Чин ба ҳисоб меравад, ба имзо расонида шуд.

Зимни сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар соли 2019 сарони ду давлат изҳороти муштарак нашр карданд, ки он боиси боз ҳам мустаҳкамтар гардидани ҳамкории дуҷонибаи ин давлатҳои ба ҳам дӯст гардид. Инчунин пайвастани ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки яке аз иқдомҳои бузург барои давлатҳои мазкур аст, ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат хоҳад кард.

Солҳои охир байни ин давлатҳо якчанд санадҳои судманд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, молия, фарҳанг, сайёҳӣ ва ғайра ба имзо расиданд, ки ба амиқтар шудани ҳамкории ҳамаҷонибаи онҳо мусоидат намуд. Дар натиҷа ҳаҷми савдои дуҷониба афзоиш ёфта, самтҳои ҳамкорӣ васеъ гардида, ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чин ба марҳалаи нави рушди худ ворид шуд.

Инкишофи босуръати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба созишномаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ асос ёфтааст. Мутобиқи ҳуҷҷатҳои имзошуда, ҷонибҳо сиёсати ҳавасмандгардонии тиҷорати фаромарзӣ дар заминаи судманд, ноил шудан ба мувозинати байни содирот ва воридот, диверсификатсияи сохтори молии тиҷорат, ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва транзитро пеш мебаранд.

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ давоми солҳои охир бомуваффақият фаъолият дорад, ки дар он ҳамасола масъалаҳои бунёд ва диверсификатсияи шарикии дуҷониба баррасӣ мешавад.

Афзоиши ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба тасдиқи ин гуфтаҳо аст. Сатҳи баландтарин дар савдои мутақобила маҳз ба соли 2022 рост меояд ва гардиши мол ба нуқтаи таърихии 1,2 миллиард доллар расид, ки аз он содирот 368 миллион доллар ва воридот 842 миллион долларро ташкил дод. Ҳаҷми умумии муомилоти мол байни ду давлат нисбат ба соли 2013-ум 1,7 баробар, содирот 6,3 баробар ва воридот 1,4 баробар афзоиш ёфт.

Саҳми савдои мутақобила бо Чин дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз 13,9 фоизи соли 2013 то 16,1 фоиз дар соли 2022 афзоиш ёфт, ки ин густариши ҳамкории иқтисодии ду ҷонибро нишон медиҳад.

Аз рӯи ҳаҷми тиҷорати мутақобила дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии  Тоҷикистон Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷои сеюм қарор дорад ва ин нишон медиҳад, ки Чин яке аз шарикони бузурги тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар баробари афзоиши нишондиҳандаҳои дар боло овардашуда бояд гуфт, ки тавозуни содирот ва воридот низ тамоюли тағйирёбанда дорад. Агар соли 2013 ҳиссаи содироти мол дар ҳаҷми умумии савдои дуҷониба 8,5 фоизро ташкил дода бошад, пас соли 2022 ин рақам ба 30,4 фоиз расидааст.

Омили асосии рушди нишондиҳандаҳо дар савдои дуҷониба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, илму техника, тандурустӣ ва сайёҳӣ мебошад.

Чин бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон буда, дар татбиқи Стратегияи миллии рушд ва авлавияти асосии он нақши барҷаста дорад. Сармоягузории Чин дар Тоҷикистон, бешубҳа, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон, болоравии некӯаҳволии мардум ва мутаносибан коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.

Аз соли 2003 инҷониб  фаъолияти сармоягузории ширкатҳои чинӣ дар мамлакат суръат гирифта, пас аз татбиқи тадбирҳои арзанда оид ба дастгирии сармоягузорон ва ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин бузургтарин сармоягузор дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Давоми 20 соли охир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардид ва ҳиссаи ин давлат дар ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими хориҷӣ аз 9 фоизи дар соли 2004 то ба 62 фоиз дар соли 2021 афзоиш ёфт.

Дар ин давра натиҷагирии ҳиссаи сармоягузории мустақими Чин дар ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими ҷамъшуда ба иқтисоди миллӣ  ба  43 фоиз баробар шудааст.

Дар тӯли 30 соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Мардумии Чин барои иҷрои тарҳҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва инфросохтор дар мамлакат ба маблағи умумии 760 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо кардааст.

Ҳоло Чин дар иҷрои якчанд тарҳи сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Дар байни онҳо лоиҳаҳои навсозӣ ва сохтмони роҳҳо, пулҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ мавҷуд аст, ки ба муттаҳид шудани тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, таъмини ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ва мусофирбар дар тамоми сол мусоидат мекунад.

Ҳамчунин якчанд лоиҳаҳои муҳимми бузурги ҳамкорӣ дар заминаи грантӣ, аз қабили бозсозии шоҳроҳи Қалъаи Хумб-Рӯшон ба маблағи 120 миллион доллари ИМА, ки дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе- Кӯлоб — Қалъаи Хумб- Хоруғ-Қулма (сарҳад бо Чин) дар ҳоли иҷро аст. Татбиқи ин лоиҳа ба соҳибкорони ҳар ду давлат барои ҳамлу нақли бор ва ба ин васила рушди тиҷорати дуҷониба кумак хоҳад кард. Сохтмони бинои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи ин сармоягузориҳо идома дорад.

Илова бар ин Чин дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика фаъолона иштирок мекунад. Сармоягузории Чин дар ин бахшҳои иқтисодии мамлакат барои расидан ба ҳадафҳои стратегии таъмини истиқлоли энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад.

Ширкатҳои чинӣ тақрибан дар тамоми лоиҳаҳои бузурги саноатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар саноати кимиё ва нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷи маъдан ва иртибототи иттилоотӣ иштирок доранд.

Танҳо солҳои охир 10 лоиҳаи муштарак, аз ҷумла сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, фабрикаи ресандагии Ҷунтай — Данғара — Синсилу текстил, Корхонаи металлургӣ, Корхонаи сементи Хуаксин Ғаюр-Суғд Семент, туннели роҳи оҳани Вахдат — Ёвон, заводҳои фториди алюминий ва криолит ва ғайра ба анҷом расид.

Дар Тоҷикистон 5 Минтақаи озоди иқтисодӣ- «Данғара», «Панҷ», «Суғд», «Ишкошим» ва «Кӯлоб» таъсис дода шудааст. Сармоягузорони чинӣ дар рушди МОИ хеле фаъоланд. Аз ҷумла, сармоягузории Чин ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар МОИ «Данғара» ва «Панҷ», ки дар онҳо корхонаҳои истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти нафтӣ, нахи пахта, пӯсту пашм, меваҷот ва сабзавот, дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ва бо ҷалб намудани манбаъҳои меҳнатии маҳаллӣ таъсис ёфтаанд, равона карда шудааст.

Тоҷикистон ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо ҷалби сармояи Чин ва таҷрибаи истеҳсолию технологӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфросохторӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва рақамӣ, содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Чин, омӯзиши мутахассисони тоҷик ва ҷалби сайёҳони чинӣ ба мамлакат манфиатдор аст.

Иқтидори мавҷудаи бузурги иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои мусоиди сармоягузорӣ, имтиёзҳо ва афзалияти андозӣ, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ – ҳамаи ин барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати сармоягузорони чинӣ ва дигарон дурнамои ҳамкориро мекушояд.

Мояи хушнудист, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин дар доираи мулоқоти сарони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳудуди 30 санади муштарак ба имзо мерасад, ки ба рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин такони боз ҳам бештар хоҳад бахшид.

Бояд изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстона, стратегӣ ва ҳамсоягии нек бо Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода, минбаъд низ барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва соҳаҳои гуманитарӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 18, 2023 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар панҷ моҳ дар Тоҷикистон беш аз 1411 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст
Масъалаи зиёд намудани парвозҳои транзитӣ бо истифода аз роҳи ҳавоии мустақими байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Имконияти сармоягузорӣ ва зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистон барои соҳибкорони Швейтсария муаррифӣ шуд
ХИТОБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОЛИМОНИ ТОҶИК: «ЗАВҚИ ЗИНДАГӢ ДОШТА БОШЕД!». Дар партави суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи мамлакат
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоиш доир шуд
СУҒД ВОДИИ ИМКОНИЯТҲО. Суратгузориш аз даҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024»
ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО «СУҒД-2024». Дар доираи он тавсеаи равобит дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Душанбе таҳияи барномаи ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария ҳамкориро тақвият мебахшанд
НАЗАРИ ҲУҚУҚШИНОС. Идораҳои нотариалӣ дар низоми механизми ташаккули маърифати ҳуқуқӣ соҳиби мақоми арзандаанд
Корхонаи хурди «Зари тоҷик» дар шаҳри Гулистон аз металлҳои қиматбаҳо маҳсулоти заргарӣ истеҳсол менамояд
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд