Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз ҷараёни кишти картошка дар ноҳияи Тоҷикобод боздид намуд

Май 16, 2023 10:26

ТОҶИКОБОД, 16.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Файзуллозода ва муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Зуҳурзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод рафта, бо ҷараёни кишту кори баҳорӣ, аз ҷумла кишти картошка  ва нашъунамои ниҳолҳои боғҳо аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон  Зиёзода ва ҳайати ҳамроҳаш аз идомаи кишти картошка дар шафати шоҳроҳ ва мавзеи баландкӯҳи Регак дидан намуда, бо деҳқонону механизаторон суҳбат намуд. Мавсуф ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дастур дод, ки дар давраи кишт талаботи агротехникиро  риоя намуда, дар муҳлати пешбинишуда кишти картошкаро ба анҷом расонанд.

Гурӯҳи корӣ дар мавзеъҳои баландкӯҳи ноҳия бо ҷараёни кишти картошка шинос шуда, бо кишоварзон ва мутахассисони соҳа суҳбат намуд. Зимни боздид бобати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишт ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Май 16, 2023 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид