Намояндагони Парлумони Тоҷикистон дар ҷашни 50-умин солгарди Конститутсияи Покистон иштирок намуданд

Май 13, 2023 15:07

ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10-12  май муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва узви гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён дар ҷашни 50-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон иштирок ва дар мавзуи «Устувории Конститутсия-кафолати устувории ҷомеа» сухан гуфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

10 май вохӯрии муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Раиси Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Раҷа Парвиз Ашраф баргузор гардид. Зимни он оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Покистон ва самтҳои муҳими густариши робитаҳои сиёсии ду мамлакат табодули афкор сурат гирифт.

Таъкид карда шуд, ки нақши парлумонҳо дар густариш ва таҳкими равобити дӯстонаи байни ду мамлакат хеле арзишманд аст. Фаъол гардонидани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ амри зарурӣ аст, зеро он дар тавсеа ва густариши ҳамкории байни Тоҷикистону Покистон дар ҳама соҳаҳо саҳми арзанда хоҳад дошт.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мулоқот бо муовини Раиси Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Зоҳид Акрам Дурронӣ мавзуъҳои мубрами ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид,  ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шудааст ва барои муаррифии он бояд бештар  иқдом намуд.

Дар ҳошияи  чорабинӣ инчунин мулоқоти кӯтоҳ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, Одил Абиш Оглу  Алиев, муовини Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Шайх ал Хаттоб ибни Ғолиб, муовини раиси Шӯрои давлатии Салтанати Уммон, ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон, сенаторони парлумони Покистон  ва дигарон доир гардид.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2023 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд