Намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ба Русия сафар намуданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо мақсади вохӯрӣ бо доираҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ба минтақаҳои Санкт-Петербург, Самара, Қазон, Тюмен ва Уфаи Федератсияи Русия сафар намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафари мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки роҳбарону намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ — ҶСК «Курортҳои Тоҷикистон», ҶСК «Баҳористон», осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм», ҶДММ «Скай тур», ҶДММ «Ориент Адвентур» ва шабакаи телевизиони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ҷиҳати муаррифии зарфияти сайёҳии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд.
Зимни вохӯриҳо субъектҳои хизматрасони сайёҳии ватанӣ тариқи рӯнамо вобаста ба самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар мамлакат, аз ҷумла сайёҳии табобатию солимгардонӣ, экологию кӯҳнавардӣ, аграрӣ ва гастрономӣ маълумот пешниҳод менамоянд.



Ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Харитаи роҳи Тоҷикистон ва Русия, ки байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия моҳи марти соли 2023 дар ҳошияи сафари раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ба имзо расид, амалӣ мешавад.
Бо мақсади рушди ҳамкории дуҷониба ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои байналмилалии Федератсияи Русия, аз ҷумла «Интурмаркет», «МИТТ» ва Новосибирск ширкат варзида, гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо маводи таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба имконияти сайёҳии ҷумҳурӣ ба бозори сайёҳии Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушди ҳамкории дуҷониба бо Федератсияи Русия 17 апрели соли 2019 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи сайёҳӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






