Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар Форуми Шӯрои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ иштирок доранд

Май 4, 2023 15:40

ДУШАНБЕ, 04.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми 8-уми Шӯрои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти  Муттаҳидаи Америка гузашта истодааст, иштирок доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум аз 2 то 5 май баргузор гардида,  дар он Вазири маориф ва илм, сардори раёсати маориф ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати моариф ва илм Тоҷикистонро намояндагӣ доранд.

Форум таҳти унвони «Илм, технология ва фановарӣ барои шифоёбӣ аз бемории коронавирус (COVID-19) ва амалисозии нақша дар самти рушди устувор барои давраи то соли 2030 дар ҳамаи сатҳҳо» баргузор гардида, ҳадафи он муҳокима ва баррасии ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология, фановарӣ ва дастгирии расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар форум суханронии Вазири маориф ва илм дар назар дошта шуда, ҳамчунин вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони кишварҳо ва созмонҳои гуногун дар нақша аст.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2023 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд