Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи III Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи III Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ доир градид, ки дар он раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар федератсия.
Иштирокчиёни ҷаласа мавзуъҳои равандҳои сиёсати ҷавонон дар Иттифоқҳои касабаи давлатҳои аъзо, таҳияи стратегияи якҷояи рушди иттилоотикунонӣ ва саҳми Иттифоқҳои касабаи кишварҳои аъзоро дар рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идома рамзи Шӯро таҳия гардида, нусхаи он ба намояндагони давлатҳои аъзо супорида шуд. Ҳамзамон дар ҷаласа сомонаи навтаъсиси Шӯро ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуд. Дар ин сомона 5 давлати аъзо метавонанд маводи таблиғотии худро дар бахшҳои гуногун, бахусус бахши сайёҳӣ интишор намоянд.
Инчунин дар ҷараёни иҷрои рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби роҳбари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳӣ дар бораи имконият ва захираҳои туристии Тоҷикистон, аз ҷумла истироҳатгоҳҳо, мавзеъҳои фароғатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба иштирокчиён маълумоти пурра дода шуд.
Инчунин ба иштирокчиён маводи таблиғотиву ташвиқотӣ дастрас гардида, дар бораи мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистон филм намоиш дода шуд.
Дар охири ҷаласа байни давлатҳои аъзои Шӯро Ёддошти ҳамкорӣ оид ба сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






