Намояндаи Тоҷикистон дар иҷлосияи сатҳи баланд оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ иҷлосияи сатҳи баланд оид ба бозбинии миёнамуҳлати чаҳорчӯби Сендай оид ба коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ доир гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода намояндагӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар иҷлосия намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарияти СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар иҷлосия зарурати татбиқи чаҳорчӯби Сендай ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувори Рӯзномаи 2030-ро таъкид намуда, роҷеъ ба тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон дар татбиқи ин ҳуҷҷат, аз ҷумла таҳияи «Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2022-2027» ибрози андеша намуд.
Иштирокдорони иҷлосия оид ба дастовардҳо дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои чаҳорчӯби Сендай, инчунин мушкилию камбудиҳо дар роҳи амалӣ намудани он табодули афкор намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






