«НАВРАСОНИ СОҲИБИСТЕЪДОДИ БЕҲТАРИН». Дар шаҳри Кӯлоб озмуни минтақавӣ гузаронида шуд

Май 18, 2023 11:15

КӮЛОБ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар шаҳри Кӯлоб озмуни минтақавии «Наврасони соҳибистеъдоди беҳтарин» гузаронида шуд, ки дар он кӯдакону наврасони зиёд иштирок карданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ додааст.

Кӯдакону наврасон маҳорати худро аз рӯйи талаботи озмун санҷиданд. Озмуни «Наврасони соҳибистеъдоди беҳтарин» барои дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав имконияти хубе гардид.

Ба иттилои директори Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб Ҳайдар Ҳайдарзода, дар доираи эълон гардидани «Як моҳи ҳаёти кӯдакон» дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳамарӯза барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ ва озмунҳо баргузор шуда истодааст.
Дар ҷамъбасти озмун фаъолтарин кӯдакону наврасон бо Ифтихорнома ва мукофоти Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб қадрдонӣ карда шуд.

Озмуни «Наврасони соҳибистеъдоди беҳтарин» дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон баргузор шуд.

АКС: Хадамоти раёсати маорифи вилояти Хатлон

Май 18, 2023 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад