НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

Май 9, 2023 18:44

ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва ниҳоят ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим бе таъсир нахоҳад монд. Дар ин пасманзари сиёсат ва ларзишҳои дар ҷаҳон ба вуқуъ омада, иқтисодиёт ва вазъи бозори тамоми давлатҳо ва қитъаҳои ҷаҳон тағйироти ҷиддиро эҳсос менамоянд. Маҳз инҳо омилҳои калидие ба ҳисоб мераванд, ки ба носозгории иқтисодиёт таъсир расонида, боз пайомад ва оқибатҳои манфии дигареро ба бар хоҳанд овард. Чунки дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси сиёсӣ ва вазъи мураккаби иқтисодии ҷаҳон ҳар низои баамаломада, мутаассифона, хавфи сар задани зиддиятҳо ва муноқишаҳои бардавом мегардад. Чунин навиштааст сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазове дар мақолаи худ, ки ба АМИТ «Ховар» расид.

Дар идома муаллиф чунин менигорад.

— Мусаллам аст, ки дар чунин шароити мураккаби ҷаҳони муосир ва бархӯрди давлатҳои абарқудрат воқеан ҳам таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҳар як давлат кори саҳлу осон набуда, ҳифзи  фазои сулҳу субот ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ҳамеша масъалаи муҳимму ҳалталаб боқӣ мемонад.

Дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронӣ чораҳои зарурӣ андешида шуд, ки дар натиҷа новобаста ба муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ва таъсири он ба муҳити микро- ва макроиқтисодӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 дарсад таъмин гардид.

Дарвоқеъ, иқдому дастурҳои созандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон  нисбат ба нишондиҳандаҳои солҳои қаблӣ тамоюли мусбат доранд. Масалан, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2022 ба 115 миллиард сомонӣ расид, ки дар баробари ин даромади пулии аҳолӣ ба 87 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Сарфи назар аз душвориҳои ҷойдошта, Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати паст кардани сатҳи вобастагии ҷумҳурӣ аз таъсири омилҳои берунӣ ва ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тавассути ба истифода додани шумораи  зиёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа, танҳо дар ибтидои соли 2023 179 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 800 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

Рамзист, ки дар бештари ҳолатҳо таъмини амнияти иқтисодӣ ва бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ аз самаранокӣ ва устувории рушди кишоварзӣ низ вобастагии калон дорад. Хусусан, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо нуриҳои минералӣ таъмин намудани  талаботи хоҷагидорону кишоварзон ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат корхонаи бузурги кимиёвии «Азот» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ба кор андохтани ин иқтидори азими истеҳсолӣ, зиёда аз 1000 нафар соҳибтахассусон бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин карда шуд. Дар ин росто, бешубҳа, баъд аз таҷдиду навсозӣ бо тавоноии 39 МВт ба кор даровардани гидроагрегати рақами 1-и НБО-и «Сарбанд» дар шаҳри Левакант аз зумраи ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат мебошад.

Нишондиҳандаи асосие, ки рушди иқтисодии мамлакатро тавсиф мекунад, нишондиҳандаи рушди устувори истеҳсоли ММД ба ҳар сари аҳолӣ мебошад, ки нисбат ба солҳои қаблӣ онро қиёс намоем, ба куллӣ фарқ менамоянд. Масалан, соли 2022 ММД ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар зиёд гардида, аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки заминаи моддии таъмини амнияти иқтисодӣ, қонеъгардонии манфиатҳои ҷомеа  ва аҳолӣ маҳсуб меёбад.

Дар баробари ҳамаи ин дастовардҳои беназир Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  23 декабри соли 2022 маҳз бо назардошти  муҳиммияти сармоягузорӣ дар таъмини амнияти иқтисодӣ таъкид карда шуд, ки: «…то соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 83 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад».

Аз ин лиҳоз, дар рафти таҳлил ва таҳқиқи мавзуъ муайян гардид, ки воқеан ҳам аз мушкилоти ҷойдоштаи солҳои қаблӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи кофӣ дар таҳия ва татбиқи барномаву дурнаморо андӯхтааст ва дар мамлакат  ба пешгирии таъсири манфии омилҳои беруна ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Дар натиҷа, рушди иқтисоди миллӣ таъмин, буҷети давлатӣ  иҷро, гардиши тиҷорати хориҷӣ ва қурби асъори миллӣ нисбат ба шарикони тиҷорат дар сатҳи муътадил қарор дорад.

Ҳамин тавр, бо ба инобат гирифтани афзалиятҳо дар низоми фаъолияти муштараки амнияти иқтисодии давлат, дар ҳолати ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудан, ба манфиати кор хоҳад буд. Аз ҷумла:

  • татбиқи дурусти барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ, зеро сатҳи зиндагии мардум аз татбиқи ҳадафҳои рушди устувор вобастагии калон дорад;
  • ҷалби сармоя ва бештар ташкил намудани корхонаҳои муштарак. Дар шароити муосир вақте ки муносибатҳои иқтисодии мамлакат дар зери таъсири қонунҳои бозор шакл мегирад, ҳамчун зарурати объективӣ иқтисоди миллӣ ба ин қонуниятҳо бояд мутобиқ карда шавад. Дар натиҷа, шаклҳои нави ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолияти хоҷагидорӣ дар иқтисодиёт ба вуҷуд меоянд, ки дар миёни онҳо корхонаҳои муштарак мақоми намоёнро ишғол менамоянд. Бинобар ин, корхонаҳои муштарак бо шарикони хориҷӣ як шакли ҳамкории хориҷиро дар доираи санадҳои меъёри ҳуқуқиро ташкил медиҳад. Махсусан, дар Ҷумҳури Тоҷикистон якчанд корхонаи муштараки азим барои рушди иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ фаъолият менамоянд, ки дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва бо молҳои рақобатпазир таъмин намудани бозори дохилӣ, саҳми назаррас доранд;
  • мунтазам татбиқ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ, бо мақсади баланд бардоштани мавқеи корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва расидан ба ҳадафҳои асосии иқтисоди миллӣ;
  • боз ҳам самаранок истифода бурдани неруи барқ ҷиҳати таҳкими яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – истиқлоли энергетикӣ;
  • ба таври зарурӣ коҳиш додани воридоти бархе аз маҳсулоти озуқаворӣ, барои солимии ҷомеа. Мусоидат дар истеҳсол ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулотҳои хушсифатро зарур мешуморем, ки нақшаҳо барзиёд иҷро карда шаванд. Сипас барои бозори ҷаҳонӣ зиёд намудани содироти маҳсулоти ватанӣ;
  • дастрасӣ ба сарчашмаҳои қарзии дарозмуддат ва ҳимояи манфиатҳои онҳо. Дар ин самт, ташкилотҳои қарзӣ дар таъмини молистеҳсолкунандагони ватанӣ ба қарзҳои дарозмуддат ва фоизҳои нисбатан пасттар нақши асосӣ доранд;
  • бо имтиёзҳои гуногун суръатбахшии саноатикунонии босуръати мамлакат. Дарвоқеъ, имтиёзҳо яке аз воситаҳои муҳими васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳисоб мераванд;
  • тақвият бахшидани истеҳсоли нуриҳои маъданӣ барои бахши кишоварзӣ. Барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва самаранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ғайра.

Воқеан ҳам, омилҳои дар боло овардашуда ба вазъи амнияти иқтисодӣ ва суръати истеҳсоли молҳои ватанӣ таъсиррасон мебошанд. Аз ин лиҳоз, барои  пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ба таври зарурӣ самаранок истифода бурдани захираҳои истеҳсолӣ барои иқтидори истеҳсолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар ин самт корҳо бояд боз ҳам ҷоннок карда шаванд. Ҳамзамон, назорати қатъии  истифодаи имконияту иқтидорҳои истеҳсолӣ  дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат дар муҳлати кӯтоҳтар имкони ба ҳадафҳои стратегӣ расиданро зиёд менамояд, ки  самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабзро  вусъат мебахшад.

Ораз МУРТАЗОЕВ,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/манбаъҳои боз

 

Май 9, 2023 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад