«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила барномаи маърифатӣ-фарҳангии бошукуҳ доир шуд

Май 15, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 15.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони «Оила-макони меҳру муҳаббат» барномаи маърифатӣ-фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор карда шуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи барномаи мазкур- муқаддас донистани арзишҳои оиладорӣ, нигаҳдории меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи фарзандон ва дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо маънидод карда шуд.

Зимни ҳамоиш табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тарафи муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода қироат карда шуд. Таъкид гардид, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз дошт, ки «оила сутуни ҷомеа ва ҷомеа сутуни давлату миллат аст. Ин пайванди ногусастанӣ асрҳо инҷониб идома дошта, давлату ҳукумат рушди оиларо дар сиёсати меҳварии худ қарор додааст. Дар сатҳи давлатӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи оила ва расму оини мардумӣ худ далели ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии давлат будани оиларо мемонад, ки ҳадафи он беҳбуд бахшидан ба ҳаёти мардуми мамлакат ва боз ҳам баланд бардоштани маънавиёти оила мебошад».


Дар ҳамоиш аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба якчанд оилаҳои намунавии шаҳри Душанбе Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки оила ва суннатҳои оиладории миллати тоҷик аз ҷавонмардиву футувват, озодагиву озодманишӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ, инсонпарвариву башардӯстӣ ва адолатпешагӣ сарчашма мегирад.

Барномаи маърифатӣ-фарҳангӣ бо барномаи консертӣ ҷамъбаст гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 15, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад