«ОИЛАИ МАСЪУЛИЯТШИНОС». Байни волидони хонандагони муассисаҳои вилояти Хатлон озмун идома дорад
ДУШАНБЕ, 01.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Оилаи масъулиятшинос» — таҳти чунин унвон байни волидони хонандагони тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон озмун идома дорад. Мақсад аз он — баланд бардоштани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд ва зич намудани ҳамкории падару модар бо муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар озмуни мазкур фаъолтарин оилаҳо иштирок намуда, ба масъулияти онҳо аз рӯйи 10 шарти озмун ва талабот баҳо гузошта мешавад. Озмуни мазкур инчунин бо мақсади мусоидат дар ташкили китобхонаҳои хонагӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории волидон бо муассисаи таълимӣ, ҷоннок кардани иштироки насли наврасу калонсол дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба эҷодкорию шеърдӯстӣ ҷалб намудан ва дарёфту муаррифӣ кардани оилаҳои намунавию пешсафи ҷомеа, ки дар таълиму тарбияи фарзанд аз ҷумлаи муваффақтарин маҳсуб мешаванд, ташкил гардидааст.
Дар айни замон озмуни «Оилаи масъулиятшинос» дар сатҳи вилоят идома дошта, дар самти баланд гардидани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд ва зич шудани ҳамкории онҳо бо муассисаи таълимӣ мусоидат намуда истодааст.
Мутасаддиёни озмун дар суҳбат бо волидон иброз доштанд, ки дар таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ташаббускору фаъол бошанд. Фарзандони худро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияи муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватан ҳидоят созанд, то ин ки дар оянда тавонанд аз фарзандони содиқу номдори худ ифтихор намоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2011 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуд, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст. Қонуни мазкур аз муқаррароти умумӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, уҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар парасторӣ ва таъмини маишати падару модар, уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилоте, ки масъалаҳои вобаста ба тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, чораҳои пешгирӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзанд ва муқаррароти хотимавӣ иборат мебошад.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






