Олимон намудҳои нави моҳӣ ва ҳайвоноти баҳриро меҷӯянд
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Барӯйхатгирии уқёнусҳо лоиҳае аст, ки дар он олимон аз тамоми ҷаҳон намудҳои нави моҳӣ ва ҳайвоноти баҳриро меҷӯянд. Муҳаққиқон кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи тезтар кор кунанд, то моҳидории аз ҳад зиёд ва гармшавии глобалӣ ба марги тамоми намуди моҳиҳо оварда нарасонад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба «Euronews.com» хабар медиҳад.
Гурӯҳи олимон ва муҳаққиқони саросари ҷаҳон вазифадор гардидаанд, ки дар тӯли даҳ соли оянда тақрибан 100 000 намуди ҳайвоноти баҳрии қаблан номаълумро пайдо кунанд, то моҳигирии аз ҳад зиёд ва гармшавии глобалӣ сабаби нобудшавии тамоми навъҳо нагардад.
Ба ин ташаббус «Барӯйхатгирии уқёнусҳо» ном гузоштаанд. Он аз ҷониби фонди «Nippon» — и Ҷопон ва институти тадқиқоти баҳрии «Nekton» -и Британия ташкил карда шудааст.
«Мо кӯшиш мекунем, ки аз вақт пеш гузарем. Гармшавии глобалӣ, оксигенро аз даст додани уқёнус, оксид шудани он ва дар натиҷа мо намудҳоро аз даст медиҳем. Агар ин раванд идома ёбад, мо бо нобудшавии бузург дар уқёнусҳо рӯбарӯ мешавем ва қисми зиёди «ниҳоли умр»-ро аз даст хоҳем дод,- мегӯяд директори илмии ташаббуси «Барӯйхатгирии уқёнусҳо» («Ocean Census») Алекс Роҷерс.
«Барӯйхатгирии уқёнусҳо» бузургтарин барномаи ҷустуҷӯии ҳаёти то ба имрӯз номаълуми баҳрӣ дар таърих хоҳад буд. Дар доираи он даҳҳо экспедитсия ташкил карда мешавад. Интизор меравад, ки лоиҳа ба шарикии илмӣ дар соҳаи уқёнус байни олимони тамоми ҷаҳон замина гузорад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Еuronews»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






