ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум гардид

Май 19, 2023 09:36

ДУШАНБЕ, 19.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон муайян шуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ дар бахши фанҳои гуманитарӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи дуюм ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Инчунин аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ дар бахши фанҳои табиию риёзӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридддин Айнӣ сазовори ҷойи дуюм ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм гардида, бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуд.

Гуфта шуд, ки дар олимпиадаи имсола зиёда аз 400 донишҷӯ аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, аз рӯйи 14 фанни таълимӣ бо ҳам сабқат намуд. Дар натиҷа 36 нафар сазовори чойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм шуда, 4 нафар барои иштироки фаъолона соҳиби «Ифтихорнома»-и Вазорати моариф ва илм гардид.

Дар маросими қадрдонӣ роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ соҳаи илму маорифи мамлакат тадриҷан рушд намуда, дар ин давра дар мамлакат озмуну олимпиадаҳои гуногунсатҳ бо иштироки фаъоли хонандагону донишҷӯёни соҳибистеъдод пайваста доир мегардад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2023 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд