ҶОМЕАИ СОЛИМ АЗ ОИЛАИ СОЛИМ САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 15 май гузаронида мешавад, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамоиши «Ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад» баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбат ба занон якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 аз ин ҷумла аст.
Имрӯз дар ҷомеа оилаҳое ҳастанд, ки дар онҳо нисбат ба занон на фақат шавҳар, балки падарарӯс низ зӯроварӣ менамояд. Дар натиҷа бисёр оилаҳои ҷавон бо сабаби хушунат пош мехӯранд.
Гуфта шуд, ки оиларо ячейкаи хурд ва узви вобастаи ҷомеа меноманд, вале имрӯз бояд донист, ки мардуми мо чӣ андоза ба оила ва оини оиладорӣ арҷ мегузоранд ва то кадом дараҷа эҳтироми суннатҳои оила ва аъзои оиларо ба ҷо меоранд.
Тазаккур дода шуд, ки танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагӣ, ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодатро таълим медиҳад. Зеро то падару модар дар вуҷуди фарзанд аз кӯдакӣ худшинос будану меҳру муҳаббат доштан ба миллату ватан ва фарҳангу суннати ниёгонро ҷо накунанд, фарзанд аз ҳувияти миллӣ бехабар мемонад.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба пешгирии роҳи хушунат ва зӯроварӣ дар оила ибрози назар намуда, изҳор доштанд, ки пеш аз ҳама, чунин ҳолат аз бемаърифатӣ, сатҳи пасти фаҳмиш ва надоштани дониши казоӣ ба амал меояд.
Аз ин хотир барои пешгирии ин падида бояд дар муассисаву корхона ва шаҳраку маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад.
Инчунин падару модарон вазифадор ҳастанд, ки фарзандонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд. Онҳо бояд ба фарзандон таҷрибаю кордонии хешро барои муваффақ гардиданашон омӯзанд, на ин ки сарзаниш намуда, зиндагии онҳоро вайрон намоянд. Танҳо дар ин сурат зиндагии хубу босаодат ва хушбахтӣ насиби шахс мегардад.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






