ҶОМЕАИ СОЛИМ АЗ ОИЛАИ СОЛИМ САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд

Май 8, 2023 14:07

ДУШАНБЕ, 08.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 15 май гузаронида  мешавад, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамоиши «Ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад» баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбат ба занон якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 аз ин ҷумла аст.

Имрӯз дар ҷомеа оилаҳое ҳастанд, ки дар онҳо нисбат ба занон на фақат шавҳар, балки падарарӯс низ зӯроварӣ менамояд. Дар натиҷа бисёр оилаҳои ҷавон бо сабаби хушунат пош мехӯранд.

Гуфта шуд, ки оиларо ячейкаи хурд ва узви вобастаи ҷомеа меноманд, вале имрӯз бояд донист, ки мардуми мо чӣ андоза ба оила ва оини оиладорӣ арҷ мегузоранд ва то кадом дараҷа эҳтироми суннатҳои оила ва аъзои оиларо ба ҷо меоранд.

Тазаккур дода шуд, ки танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагӣ, ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодатро таълим медиҳад. Зеро то падару модар дар вуҷуди фарзанд аз кӯдакӣ худшинос будану меҳру муҳаббат доштан ба миллату ватан ва фарҳангу суннати ниёгонро ҷо накунанд, фарзанд аз ҳувияти миллӣ бехабар мемонад.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба пешгирии роҳи хушунат ва зӯроварӣ дар оила ибрози назар намуда, изҳор доштанд, ки пеш аз ҳама, чунин ҳолат аз бемаърифатӣ, сатҳи пасти фаҳмиш ва надоштани дониши казоӣ ба амал меояд.

Аз ин хотир барои пешгирии ин падида бояд дар муассисаву корхона ва шаҳраку маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад.

Инчунин падару модарон вазифадор ҳастанд, ки фарзандонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд. Онҳо бояд ба фарзандон таҷрибаю кордонии хешро барои муваффақ гардиданашон омӯзанд, на ин ки сарзаниш намуда, зиндагии онҳоро вайрон намоянд. Танҳо дар ин сурат зиндагии хубу босаодат ва хушбахтӣ насиби шахс мегардад.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 8, 2023 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид