Озмоишгоҳи миллии референсӣ ба хотири пешгирии баъзе бемориҳо ташхисро тариқи шиноснома ба роҳ мемонад

Май 4, 2023 17:49

ДУШАНБЕ, 04.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамсим гирифтааст, ки бо мақсади сари вақт ва дуруст муайян кардани макони зисти муроҷиаткунандагон барои ташхиси бемориҳои зери назорати эпидемиологӣ, аз ҷумла ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам), RV (оташак), ҳама намуди гепатитҳо ва кабудсулфа шаҳрвандонро барои ин намуд ташхисҳо танҳо бо пешниҳоди шиноснома қабул намояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин тасмим танҳо ба хотири пешгирии паҳншавии беморӣ гирифта шудааст.

Бинобар ин аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда  мешавад, ки ҳангоми муроҷиат ба озмоишгоҳ барои ташхиси ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам), RV (оташак), ҳама намуди гепатитҳо ва кабудсулфа шиносномаи худ ва фарзандашонро ҳамроҳ бигиранд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2023 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад