Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Май 10, 2023 14:44

ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедовро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Имрӯз дар доираи ин сафар инчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон доир гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 10, 2023 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид