Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт

Май 12, 2023 17:58

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 май Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуда, дурнамои густариши ҳамёрии амалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аснои мулоқот рушди босуръати ҳамкории дуҷониба тибқи тавофуқномаҳо дар сатҳи олӣ бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд. Ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ, ҳамлу нақли бор ва  шумораи лоиҳаҳои ҳамкорӣ меафзояд. Равобити зичи байниминтақавӣ ба роҳ монда шуда, мубодилаи фаъолонаи фарҳангию гуманитарӣ анҷом дода мешавад.

Ҷонибҳо ба андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати афзоиши гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои дурнамодор дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, истихроҷи маъдан, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо бо ҷалби маблағгузории Тоҷикистону Узбекистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Дар ин замина муҳимияти иҷрои амалии қарорҳои ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки имрӯз таҳти раёсати сарвазирони ду давлат дар Тошканд баргузор гардид, таъкид карда шуд.

АКС: УзА

Май 12, 2023 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд