Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 май Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуда, дурнамои густариши ҳамёрии амалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Аснои мулоқот рушди босуръати ҳамкории дуҷониба тибқи тавофуқномаҳо дар сатҳи олӣ бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд. Ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ, ҳамлу нақли бор ва шумораи лоиҳаҳои ҳамкорӣ меафзояд. Равобити зичи байниминтақавӣ ба роҳ монда шуда, мубодилаи фаъолонаи фарҳангию гуманитарӣ анҷом дода мешавад.
Ҷонибҳо ба андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати афзоиши гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои дурнамодор дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, истихроҷи маъдан, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо бо ҷалби маблағгузории Тоҷикистону Узбекистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Дар ин замина муҳимияти иҷрои амалии қарорҳои ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки имрӯз таҳти раёсати сарвазирони ду давлат дар Тошканд баргузор гардид, таъкид карда шуд.
АКС: УзА











Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






