Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Маҷлиси намояндагон сафари давлатии Президенти Туркманистонро ба Тоҷикистон рӯйдоди хотирмон номида, тазаккур дод, ки он ба рушди бемайлони ҳамкорӣ ва тақвияти дӯстӣ байни мардумони ду давлат мусоидат менамояд.
Ҳамчунин дар мулоқот ба рушд ва тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ бо Маҷлиси Туркманистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Туркманистон ҷузъи муҳими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






