«РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ». Таҳти ин унвон дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзуи «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: дастовард ва мушкилот» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон, хусусан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шудааст.
Дар кори конфронс баррасии масъалаҳо вобаста ба афзалияти соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, обҳои шифобахш-омили рушди сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳҳои рушди инфрасохтор дар Бадахшон, рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва шикор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар самтҳо дар назар дошта шудааст.
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ тазаккур доданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидан ва ҷиҳати сари вақт омода намудани Барномаи конференсия вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда ному насаби баромадкунанда ва номи маъруза то 10 июни соли 2023 ба Кумитаи тадорукоти конференсия бояд ирсол карда шавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






