«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе маросими ҷамъбасти фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид

Май 6, 2023 23:13

ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 май бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. 

Дар фестивали мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки  либоси миллии тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳон санъату ҳунари мардумро нишон дода, муаррифгари симои зоҳирии миллат мебошад.

Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» аз ҷумлаи тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ арзёбӣ мегардад, ки ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани нақши сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ дар матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону чакандӯзон, сӯзанидӯзону чеварон ва ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст.

Тазаккур дода шуд, ки фестивал дар се давр дар тамоми манотиқи Тоҷикистон сурат гирифта, даври якум бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз ва тарроҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз 14 март то 10 апрел дар марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюми фестивал то 25 апрел дар сатҳи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид.

Баргузории даври сеюм- даври ҷумҳуриявии Фестивали «Садранги чакан» ба арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила рост омада, бо иштироки беҳтарин ҳунармандон, чакандӯзон, сӯзанидӯзон, тарроҳони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва намоиши намунаи олии матоъҳои ватанӣ бо нақшу нигори миллии сад ранги чакан дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе доир гардид.

Мақсад аз баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки ҳамасола тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъатиасили гулдӯз, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ кашф ва эҳё гардида, мавриди истифода қарор гирад.

Маҳз баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангии тарғиботию ташвиқотӣ  ба баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, равнақ бахшидани фарҳанги истифода ва ба бар намудани чакан ва дигар либосҳои гулдӯзӣ ва дастбоф, суръати тоза бахшидан ба раванди истеҳсоли матоъҳои гуногуни баландсифати миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани тоқиву ҷузвдон ва дигар намудҳои чеварӣ, густариши фаъолияти ҳунармандон, тарроҳону чеварон, сӯзанидӯзону чакандӯзон, қаламкашону наққошон, ҳамзамон, фаъолияти корхонаҳои хурди дӯзандагиву истеҳсолӣ ва ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занону бонувон мусоидат менамояд.

Дар ин раванд бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатию истеҳсолӣ, марказҳои ҳунармандӣ ва чакандӯзӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки фаъолияташон ба рушди ҳунармандону чеварон, чакандӯзону гулдӯзон, сӯзанидӯзону ҷомадӯзон, тоқибофону намудҳои дигари ҳунармандӣ равона гардидааст.

Ба шарофати Ваҳдату Истиқлоли беназири мамлакат, дар фазои тантанаи сулҳу созандагӣ бо дастгириҳо ва ташаббусҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола озмуну фестивалҳо ва дигар барномаҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардида истодаанд, ки ҳадафи онҳо, пеш аз ҳама, муаррифии мақому манзалати занон дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, муаррифии санъату ҳунар, маҳорату малакаи нақшофарӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон ва фарҳангу тамаддуни барҷастаи миллати солори тоҷик мебошад.

Дар ҷамъбасти фестивал Дипломи Кумитаи кор бо занон ва оила, инчунин маблағи пулӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва вазоратҳои фарҳангу маориф тақдим карда шуд.

София ШОИК, 

АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 6, 2023 23:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид