Саноати доруҳо бар зидди фарбеҳӣ ба 200 миллиард доллар мерасад
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Саноати афзояндаи доруҳо бар зидди вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ метавонад дар тӯли даҳсолаи оянда ба 200 миллиард доллар расад. Дар ин хусус сардори шуъбаи аврупоии таҳқиқоти саҳмияҳои ширкатҳои фармасевтии «Barclays» Эмили Филд изҳор дошт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба CNBC хабар додааст.
«Масунияти онкологӣ таърихи даҳсолаи охир буд. Чунин ба назар мерасад, ки фарбеҳӣ- достони ин даҳсола аст. Мо фикр мекунем, ки дар 10 соли оянда ин бозор метавонад ба 100 миллиард доллар бирасад. Агар ин тамоюл идома ёбад, натиҷа ҳатто метавонад дучанд шавад ва мо воқеан сатҳи баланди фарбеҳиро дар ҷаҳон хоҳем дид», баён дошт Филд.
Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар даҳсолаи охир сатҳи фарбеҳӣ дар ҷаҳон тақрибан се баробар афзоиш ёфтааст. Ҳоло дар ҷаҳон 1 миллиард нафар дорои фарбеҳии клиникӣ мебошад, ки 650 миллион калонсол, 340 миллион наврас ва 39 миллион кӯдак аз ин ҷумла мебошад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АБИ «Казинформ»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






