«Саноатсодиротбонк» дар семоҳаи якуми соли 2023 ба маблағи зиёда аз 54 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намуд

Май 5, 2023 16:28

ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» давоми фаъолият то семоҳаи аввали соли 2023  2718 қарз  ба маблағи беш аз 396,8 млн сомонӣ пешниҳод намудааст.  Аз ин 927 адад  ба субъектҳои соҳибкорӣ равона гардида, маблағи он 375,2 млн сомониро дар бар мегирад. Аз ин маблағи дарҷгардида 54,7 млн сомонӣ ба семоҳаи аввали соли 2023 рост меояд, ки 13 млн сомонии он ба соҳаи хизматрасонӣ, 13,2 млн сомонӣ ба соҳаи саноат, 15,1 млн сомонӣ ба соҳаи тиҷорат ва боқимондаи он ба самтҳои кишоварзиву истеъмолӣ ва сохтмон пешниҳод гардидааст.

Аз соли 2020 дар низоми бонкии ҷумҳурӣ навгонӣ ба вуқуъ омад, ки ин ҳам бо табдили Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни ҳамин сол Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба фаъолият шуруъ намуд. «Саноатсодиротбонк» бо устувор намудани мавқеи худ ва ҳамчунин бо ҷалби мутахассисони соҳибкасб ба кор тавонист, ки тамоми хизматрасонии бонкиро роҳандозӣ намуда, ба мизоҷон дар ҳама самтҳои фаъолияти бонкӣ хизмат расонад.  Ҳадафи асосии корӣ дар бонк- ин «Дониш, маҳорат ва масъулият» мебошад, ки дар радифи амалан татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ роҳнамои кормандони бонк маҳсуб мешавад.

Давоми фаъолияти на камтар аз сесола «Саноатсодиротбонк» тавонист байни низоми  бонкии ҷумҳурӣ мавқеи худро устувор намояд ва ҳамчун сармоягузори дохилӣ барои дастгирӣ намудани соҳибкорони истеҳсолии ватанӣ бо пешниҳоди маблағҳои қарзии фоизашон нисбатан паст дар рушди истеҳсолот ва саноати  мамлакат нақш гузорад.

Дар радифи боз ҳам бештар дастгирӣ намудани соҳаҳои  мухталифи ҷомеа, аз қабили иқтисодиёту саноат, истеҳсолоту кишоварзӣ ва ҳамчунин рушди бемайлони истеҳсоли молу маҳсулоти  ватанӣ бо мақсади наздиктар шудан ба соҳибкорон дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ- сар карда аз соли 2021 бонк филиалҳои худро дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Данғара, Кӯлоб, Хоруғ ва Рашт ифтитоҳ намуд.


Бояд гуфт, ки имрӯз роҳбарияти «Саноатсодиротбонк» барои боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеи бонк дар низоми бонкии мамлакат бо ҳадафҳои созанда дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ифтитоҳ намудани марказҳои хизматрасонии бонкиро ба роҳ мондааст.

Ин иқдоми созанда буд, ки аз ҷониби дастгоҳи марказии бонк дар як ҳафта ду маркази хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ гардид, ки яке аз он мутааллиқ ба Филиали «Саноатсодиротбонк» дар ноҳияи Данғара буда, дар ноҳияи Фархор ба мизоҷон ва соҳибкорон хизматрасонии бонкӣ пешкаш менамояд.

Дигарӣ дар шаҳри Турсунзода ифтитоҳ ёфт, ки ҳамчун шаҳри саноатӣ ва минтақаи наздисарҳадӣ ба ҷамъи васеи мизоҷон хизматрасонии бонкӣ пешкаш менамояд. Ҳар ду бинои маркази хизматрасонӣ дорои шароити беҳтарини корӣ ва бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ фарогири хизматрасониҳо ба мизоҷон мебошад.

Меҳмонон дар бинои маркази хизматрасонии бонкӣ дар ноҳияи Фархор аз шароити корӣ дар ин марказ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Иброз гардид, ки «Саноатсодиротбонк» бояд ҳар чи зудтар  филиалҳои худро дар навоҳии ҷумҳурӣ фаъол намуда, барои дастраси мардум гардидани маблағҳои қарзии фоизашон паст хизмат расонад.

Дар маросими ифтитоҳи бинои маркази хизматрасонии бонкӣ дар шаҳри Турсунзода роҳбарияти бонк, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва соҳибкорони фаъоли ин шаҳр, ки бевосита мизоҷони асосии бонк маҳсуб мешаванд, иштирок намуданд. Аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Турсунзода иқдоми васеъ намудани шабакаҳои хитзматрасонии бонкӣ дастгирӣ ёфта, таъкид гардид, ки аз ин ба баъд дар форум-чорабиниҳои молиявие, ки аз ҷониби бахши иқтисодии шаҳри Турсунзода байни ташкилоти қарзӣ гузаронида мешавад, кормандони маркази хизматрасонии «Саноатсодиротбонк» низ метавонанд иштирок намуда, имконияти фарохи бонкро ба доираи васеи соҳибкорон-иштирокчиёни ин форум-ҷаласаҳо рӯнамоӣ ва пешкаш намоянд. Дар ду маркази хизматрасонии бонкие, ки ифтитоҳ гардид, аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ беш аз 15 нафар соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардид.

Дар маркази хизматрасонии бонкии «Саноатсодиротбонк» тамоми намуди амалиёти бонкӣ, аз қабили пешниҳоди қарз, қабули пасандозҳои озоди аҳолӣ, кушодани суратҳисоб, интиқоли маблағҳо, мубодилаи асъор ва ба ин монанд дигар намуди хизматрасонии бонкӣ анҷом дода мешавад. То имрӯз шумораи умумии марказҳои хизиматрасонии бонкии  «Саноатсодиротбонк» ба 3 адад расида, рӯзҳои наздик ифтитоҳи боз 3 маркази дигар дар шарҳои Душанбе, Истаравшан ва ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

Барои гузаштан ба низоми муосири бонкӣ, бахусус муомилоти ғайринақдӣ ва истифодаи дурусти маблағҳо ҷиҳати ҳамкории мутақобила бо бонкҳо ифтитоҳи марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва ба ин васила баланд бардоштани маърифати молиявии мардум қадами устувор ва рушди бесобиқа мебошад.

АКС: КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодирбонк»

Май 5, 2023 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2040 дастрасии ҳадди ақалл 90 фоизи аҳолиро ба оби мутамарказ таъмин намояд
Татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80 фоиз афзоиш диҳад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ иқтидори обию энергетикӣ ва шаҳсозии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2634 сомонӣ муқаррар шудааст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе таҳти унвони «Об — манбаи ҳаёти инсоният» Фестивали об ва барномаи фарҳангӣ доир шуд
Имконоти иқтисодии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони ширкатҳои байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мониторинг, арзёбӣ ва моделсозии пешгӯии пиряхҳо ва криосфера баргузор гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Устувории низомҳои озуқаворӣ дар давраи камбуди ҷаҳонии об дар Душанбе баррасӣ гардид
Форуми байналмилалии «Об ва зеҳни сунъӣ – робитаи дуҷониба» баргузор гардид
Равиши ҳамгироёнаи идоракунии захираҳои об дар меҳвари Форуми 7-уми байналмилалӣ дар Душанбе қарор гирифт
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Машварати минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид