Сармоягузорони Кореяи Ҷанубӣ ва Чин дар вилояти Хатлон корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъсис медиҳанд

Май 11, 2023 10:31

ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имконияти ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ҳамкорӣ дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, табодули таҷриба ва содироти молу маҳсулот  аз ҷумлаи масъалаҳои асосие буд, ки зимни мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳайати сармоягузорон аз Кореяи Ҷанубӣ ва Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, 70 фоизи маҳсулоти кишоварзии мамлакат дар ин вилоят истеҳсол мешавад. Ҳамзамон аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ ҳамасола беш аз 100 ҳазор тоннаи он ба хориҷи мамлакат содирот мегардад.

«Имрӯзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ҷалби сармоягузорону соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёту саноат фазои мусоиди рушди тиҷорат фароҳам оварда шудааст»,-гуфта шуд зимни вохӯрӣ.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони доираҳои сармоягузории Корея ва Чин пешниҳод ва нақшаҳои тиҷоратии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи сармоягузориву бунёди коргоҳҳои муштарак баён доштанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 11, 2023 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид