Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуд

Май 11, 2023 11:42

ДУШАНБЕ, 11.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷонибҳо аснои мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри тақвияти ин муносибатҳо  дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, роҳу нақлиёт ва хизматрасонӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки пас аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории некро бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Туркманистон низ ба роҳ монда, бо мақсади тақвияти бештари  робитаҳои байниҳукуматӣ  аз имконот ва шароити мавҷуда самаранок истифода  менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 11, 2023 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд