«ШАҲРАКИ ТАХТИ САНГИН-МЕРОСИ БОСТОНИИ ХАЛҚИ ТОҶИК». Оид ба он дар Осорхонаи миллӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд

Май 19, 2023 16:18

ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Шаҳраки Тахти Сангин – мероси бостонии халқи тоҷик» — таҳти чунин унвон 15 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ  баргузор  гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.

Иштирокдорони конфронс дар мавзуъҳои «Тахти Сангин – маркази динии Ориёнвейҷ», «Ҳифз ва муаррифии Тахти Сангин дар даврони истиқлол», «Тахти Сангин  аз нигоҳи муҳаққиқони тоинқилобии рус», «Баргузории ҳафриёт дар ёдгории эллинистии Тахти Сангин дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуданд.

Таъкид шуд, ки «Тахти Сангин» ёдгории арзишманде аст, ки ба давраҳои Ҳахоманишиҳо, Мақдуниҳо ва Кушониён (асрҳои V то мелод ва II мелодӣ) тааллуқ дошта, бозёфтҳои нодири он бо номи «Хазинаи Амударё» то ба имрӯз мавриди омӯзишу таҳқиқи олимони ҷаҳон қарор дорад.


Ёдгории таърихии «Тахти Сангин» дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шуда, ноябри соли 2021 номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид  шуд.

Дар хотимаи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ байни олимон, муҳаққиқон, бостоншиносон дар мавзуи «Шаҳраки Тахти Сангин – мероси бостонии халқи тоҷик» табодули афкор сурат гирифт.

АКС: Осорхонаи  миллии Тоҷикистон

Май 19, 2023 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст