«Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи зиёда аз 790 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд

Май 3, 2023 20:24

ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин», воқеъ дар шаҳри Гулистон дар се моҳи соли равон ба маблағи 790,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

«Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» аз ҷумлаи калонтарин корхонаҳои саноатӣ мебошад. Дар ин давра дар корхона 20,4 ҳазор тонна консентрати сурб ва 28,2 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол гардида, саҳми корхона дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳри Гулистон 77,2 фоизро ташкил мекунад.

1 май Раиси вилояти Суғд зимни боздид аз раванди истеҳсолот дар ин корхона бо масъулин мулоқот намуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳоли маҳсулот, афзун намудани содироти он, иҷрои уҳдадориҳои корхона дар ободонии маҳал ва боз ҳам беҳтар намудани шароити кормандон ба роҳбарияти ширкат супориш дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 3, 2023 20:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад