«ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ». Даври шаҳрии Фестивали эҷодии кӯдакону наврасон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» байни хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри пойтахт даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иттилоъ дод.
Фестивали мазкур иқдоми фароҳамоварандаи шароити дӯстонаи эҷодӣ байни насли наврас арзёбӣ гардида, он дар пайравӣ ба сиёсати маърифатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудааст. Он барои таъмин намудани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва адабиёту санъат замина мегузорад.
Тибқи Низомномаи Фестивал-озмун, дастаҳои соҳибистеъдоди наврас аз рӯи шартҳои зерин ҳунару маҳорати худро пешкаши ҳайати ҳакамон гардонид:
— Озмуни ровиён (то 3 дақиқа);
— Суруди якка (халқӣ, классикӣ) (то 4 дақиқа);
— Рақси якка (то 4 дақиқа);
— Навозиш (то 5 дақиқа)
— Рақси умумӣ (гурӯҳӣ) (то 4 дақиқа)
— Этюд – маҳорати актёрӣ (то 10 дақиқа)
— Суруди умумӣ – хор (то 6 дақиқа);
— Бадеҳа (то 5 дақиқа)
— Баромади озод (то 5 дақиқа).
Маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» дар барномаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон доир мегардад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






