«ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ». Даври шаҳрии Фестивали эҷодии кӯдакону наврасон баргузор гардид

Май 17, 2023 18:27

ДУШАНБЕ, 17.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» байни хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри пойтахт даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор гардид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иттилоъ дод.

Фестивали мазкур иқдоми фароҳамоварандаи шароити дӯстонаи эҷодӣ байни насли наврас арзёбӣ гардида, он дар пайравӣ ба сиёсати маърифатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудааст. Он барои таъмин намудани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва адабиёту санъат замина мегузорад.

Тибқи Низомномаи Фестивал-озмун, дастаҳои соҳибистеъдоди наврас аз рӯи шартҳои зерин ҳунару маҳорати худро пешкаши ҳайати ҳакамон гардонид:

— Озмуни ровиён (то 3 дақиқа);

— Суруди якка (халқӣ, классикӣ) (то 4 дақиқа);

— Рақси якка (то 4 дақиқа);

— Навозиш (то 5 дақиқа)

— Рақси умумӣ (гурӯҳӣ) (то 4 дақиқа)

— Этюд – маҳорати актёрӣ (то 10 дақиқа)

— Суруди умумӣ – хор (то 6 дақиқа);

— Бадеҳа (то 5 дақиқа)

— Баромади озод (то 5 дақиқа).

Маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» дар барномаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон доир мегардад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Май 17, 2023 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд