Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5366 гектар картошка кишт менамоянд

Май 20, 2023 09:28

ЛАХШ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ин рӯзҳо дар ноҳияи Лахш кишти картошка бомаром идома дошта, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 1780 гектар  ва дар заминҳои наздиҳавлигию ёрирасон зиёда аз 1500 гектар картошка, 1126 гектар ғаладонаи тирамоҳию баҳорӣ, 47 гектар зироати техникӣ, 46 гектар сабзавот кишт шудааст. Инчунин 15,5 гектар боғи нав бунёд гардида, 8 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  мудири шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш Нусратулло Латипов  иттилоъ дод.

Кишоварзони ноҳияи Лахш мақсад доранд, ки соли 2023 аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, дар майдони 5366 гектар картошка кишт намоянд.

Дар ноҳия 1806 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, ҳоло корҳои саҳроӣ, аз ҷумла шудгор, кишти ғалла дар заминҳои лалмӣ, кишти картошка, шинондани ниҳолҳо ва бунёд намудани боғҳо бомаром идома дорад.  Мувофиқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш, ки дар мувофиқа бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бе назардошти заминҳои президентӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ имсол дар майдони 3200 гектар картошка, дар 1126 гектар ғалладонагӣ, дар 40 гектар зироати техникӣ  ва дар 70 гектар сабзавот кишт карда мешавад.

Тибқи иттилои раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Лахш Суҳбатулло Саидаминзода, имсол дар ноҳия дар майдони 1027 гектар замини президентӣ ва 1139 гектар қитъаҳои наздиҳавлигие, ки бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд, картошка кишт мешавад.

Роҳбари идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Лахш  Сорбон Пиров   гуфт, ки дар ноҳия 6 канал бо дарозии 94 км мавҷуд аст. Барои таъмини 4488 гектар замини корам  бо оби полезӣ ҳанӯз аз тирамоҳи соли 2022  корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти обрасонӣ  дар  каналҳои Ғулама, Пиёзӣ, Ҷонқирғиз, Сартало ва Ҷилондӣ тариқи ҳашари дастҷамъона ва техникаҳо  оғоз шуда буд. Хушбахтона, соли 2023 бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораи беҳдошти замини ноҳияи Лахш як экскаватори навъи Хундай ворид карда шуд. Бо ин техникаи нав каналҳое, ки тоза карданашон мушкил буд,  сари вақт аз хоку қум тоза карда шуда, картошкапарварони ноҳия сари вақт бо оби полезӣ таъмин мегарданд.

Сокинони ноҳияи Лахш  имсол захираи  пурраи тухмии картошка доранд. Танҳо дар сохтори кишоварзӣ 14  ҳазору 350 тонна картошкаи хушсифати тухмӣ захира шуда буд, ки дар айни замон аз он кишт намуда истодаанд.

Масъулини шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш иттилоъ доданд, ки мувофиқи боду ҳавои минтақа 60 фоизи кишоварзон картошкаи маҳаллии навъи “Тоҷикистон-24”   ва 20 фоизи дигар картошкаи навъи  “Сурхоб” мекоранд. Дар заминҳои боқимондаи кишоварзӣ навъҳои гуногуни воридотӣ- “Пикасо”, “Манифей” ва дигар намуди тухмиҳо барои таҷриба ва санҷиш кишт карда мешаванд. Ҳамчунин бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ 155 тонна тухмии картошка, 750 кг тухми юнучқа ва 500 кг тухмии зағер ба ноҳия ворид гардида, сари вақт ба деҳқонон дастрас карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Лахш 4488 гектар замини корами обӣ ва 1802 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд аст, ки ҳамаи ин заминҳо дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода бурда мешаванд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Май 20, 2023 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд