Соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд

Май 11, 2023 14:23

ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон ба 10,78 миллиард расад, ки 74,4 фоизи сатҳи соли 2019 — ро ташкил медиҳад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар Гузориши рӯзи чоршанбе нашршуда оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳонии сайёҳӣ дар соли 2023 гуфта шудааст.

Соли равон даромадҳо аз соҳаи сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон ба 5 триллион доллари ИМА мерасад, ки 86,2 фоизи сатҳи соли 2019-ро ташкил медиҳад,- чунин бармеояд аз Гузорише, ки аз ҷониби маркази омӯзиши сайёҳии назди Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ нашр шудааст.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон соли 2022 9,57 миллиардро ташкил дода, даромади сайёҳӣ дар маҷмуъ ба 4,6 триллион доллари ИМА расидааст.

«Иқтисоди ҷаҳонии сайёҳӣ тадриҷан барқарор мешавад ва саноати ҷаҳонии сайёҳиро ояндаи дурахшонтаре интизор аст», баён намуд директори маркази омӯзиши сайёҳӣ Сун Жуй.

«Аммо мо инчунин бояд дарк кунем, ки барқарорсозии сайёҳӣ ба рушди макроиқтисоди ҷаҳонӣ алоқаманд буда, номуайянӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба дурнамои саноати сайёҳӣ таъсир мерасонад»,-илова намуд ӯ.

Гузориши солона, ки бори аввал соли 2016 нашр шуд, таҳлили амиқи тамоюлҳои соҳаи сайёҳиро дар бар гирифта, барои пешниҳоди пешгӯиҳои илмӣ ва тавсияҳои арзишманд оид ба рушди сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон пешбинӣ гардидааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 11, 2023 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд