«СОЛИ 2025. ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар шаҳри Турсунзода тамсилаи пирях бо чунин навиштаҷот насб карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар роҳи марказии шаҳри Турсунзода лавҳаи тарғиботӣ бо навиштаҷоти «Соли 2025. Ҳифзи пиряхҳо» бо тамсилаи пирях насб карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Иқдоми мазкур дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани санаи 21 март ва бо мақсади иҷрои нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» марбут ба амалигардонии принсипҳои «иқтисоди сабз» ва ташвиқу тарғиби ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Насби лавҳаҳои тарғиботӣ дар баланд бардоштани маърифатнокии аҳолии шаҳр ва ҳифзи сарватҳои табиии Тоҷикистон, хусусан пиряхҳо нақши муҳим мебозад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






