СУРАТ-ДАЛЕЛ. Осорхонаи таърихию кишваршиносии Балҷувон бозгӯи тамаддуни қадимии тоҷикон аст
ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи кӯҳистони Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносӣ бунёд гардида, дар он 1500 нигора, бозёфт ва аксу мусаввараҳо маҳфуз дошта мешавад, ки марбут ба давраҳои гуногуни таърихӣ буда, насли ояндаро бо тамаддуну таърихи ниёгонамон шинос месозанд.
Дар толорҳои осорхона осори ҳунарҳои мардумӣ — заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ аз асрҳои 9 то 19 ва дигар бозёфтҳо нигаҳдорӣ мешаванд.
Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон барои дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба тамаддуни миллат ва шинохти шахсиятҳои таърихии халқи тоҷик тарбия намудани насли наврасу ҷавон нақши назаррас мегузорад. Зеро дар ин ҷо доир ба давлатдорӣ, муборизаву ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди миллат- Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Деваштич, Абӯмуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Восеъ ва дигарон маълумот гирд оварда шудааст.
Дар Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон суратгузориш омода намудааст, ки онро ба маърази тамошои хонандагони сомона мегузорем.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»




























КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






