ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 май, чоршанбе, 130-юмин рӯзи соли 2023

Май 10, 2023 08:00

10 майи соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдорӣ мулоқот намуданд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «мақсади мулоқоти имрӯза баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур шуморида мешавад».

***

10 майи соли 2013 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи шашмақом Фестивал — симпозиуми байналмилалии шашмақом баргузор гардид. Дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон шашмақом чун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард.

***

10 майи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва кормандони муҳандисӣ-техникии Неругоҳи барқи обии “Роғун” мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.

***

10 майи соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпеша ва коргардони Муассисаи давлатии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳошим Гадоев унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»-ро тақдим намуданд.

***

10 майи соли 2011 Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қосимов бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонида шуд.

***

10 май дар Руминия- Рӯзи истиқлол таҷлил карда мешавад.

***

10 майи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ботантанаи серӯзаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

***

10 майи соли 1811 дар Англия бори нахуст пули коғазӣ ба муомилот бароварда шуд.

***

Шуруъ аз соли 2004 ҳар сол 10 май дар Озарбойҷон Иди гулҳо ҷашн гирифта мешавад.

***

10 май дар Олмон Рӯзи китоб ҷашн гирифта мешавад. Интихоб шудани 10 май ҳамчун Рӯзи китоб дар Олмон сабаби таърихӣ дорад: дар ҳамин рӯзи соли 1933 дар Берлин ва дигар шаҳрҳои Олмон пайравони Гитлер тамоми китобҳоеро, ки ба ғояҳои фашизм муқобил буданд, намоишкорона оташ заданд ва он рӯзро Иди гулхан ном гузоштанд.

Май 10, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст