ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 май, чоршанбе, 123-юмин рӯзи соли 2023
3 майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Чопон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Ироқ, Португалия, Ҷумҳурии Кипр, Венгрия, Ҷумҳурии Полша, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла эътимоднома супориданд.
***
Ҳамин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони фаронсавӣ ба нашр расид.
***
Соли 1993 Ассамблеяи генералии СММ 3 майро Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот эълон кард.
***
Имрӯз, 3 май дар Ҷопон Рӯзи конститутсия ҷашн гирифта мешавад.
***
Ҳамчунин 3 май дар Полша Рӯзи конститутсия таҷлил карда мешавад.
***
Шуруъ аз соли 1994 дар кишварҳои гуногуни олам 3 май ҳамчун Рӯзи Офтоб қайд карда мешавад. Ташаббуси қайд кардани 3 май ҳамчун Рӯзи Офтоб ба Ҷамъияти байналмилалии энергияи офтоб тааллуқ дорад. Рӯзи Офтоб ба таври ихтиёрӣ ва таҳти шиори «Бе Офтоб дар Замин ҳаёт нест» гузаронида мешавад. Зимнан Офтоб наздиктарин сайёра ба Замин мебошад. Фарқи асосии Замин аз дигар сайёраҳои манзумаи Офтоб мавҷудияти ҳаёт дар он аст. Офтоб сарчашмаи энергияи кайҳонӣ буда, ба Замин гармӣ ва равшанӣ медиҳад.
***
3 майи соли 1905 ихтироъкор ва муассиси ширкати «Parker Pen Company» Ҷорҷ Паркер нахустин қалами худкорро барои истифода пешниҳод кард.