ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 май, шанбе, 126-умин рӯзи соли 2023

Май 6, 2023 08:00

6 майи соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансипро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуд. Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника ва фарҳанг доир гардид.

***

6 майи оли 2014  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор доштанд, бо ҷараёни сохтмону таҷҳиз ва ороиши Маркази фарҳангию фароғатии Тахти Наврӯз шинос шуданд. Сипас Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо табиати сабз ва зебои дараи Варзоб шинос шуданд.

***

6 майи соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсис додани филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе фармон имзо намуданд.

***

6 майи соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе байни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Петрозаводи Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

6 майи соли 2009 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳанги Покистон ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 58-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

***

6 май — Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ

***

6 майи соли 1994 дар вазъияти тантанавӣ нақби зериобии Ла-Манш ба истифода дода шудааст. Дарозии нақби мазкур 51 км аст, ки 39 км он аз зери оби гулӯгоҳи Ла-Манш мегузарад.  Ба воситаи нақби мазкур роҳи оҳан кишварҳои Аврупоро бо Британияи Кабир пайваст мекунанд ва дар ҷаҳон сеюмин нақби роҳи оҳан аз ҷиҳати дарозӣ ҳисобида мешавад. Нақби зериобии роҳи оҳани Ла-Манш яке аз 7 муъҷизаи замони муосир номида шудааст.

***

6 майи соли 1889 сохтмони манораи Эйфел дар Париж ба анҷом расид. Дар ибтидо манораи мазкур ҳамчун иншооти муваққатӣ ба сифати пештоқи даромадгоҳи Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Париж дар соли 1889 пешбинӣ шуд буд. Баъди ба анҷом расидани Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Париж манораи Эйфел бояд ҳамчун иншооти муваққатӣ аз байн бардошта мешуд. Аммо сокинони шаҳр барои боқӣ мондани манора дархост карданд ва манораи Эйфел ба рамзи Париж мубаддал гардид.

***

6 майи соли 1914 вакилони парлумони Англия лоиҳаи қонун дар бораи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳиро рад карданд.

Май 6, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш