ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 май, сешанбе, 129-умин рӯзи соли 2023
9 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар Боғи Ғалаба баргузор гардид, иштирок карданд ва ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар ин ҷанг нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд. Баъд аз анҷоми маросими гулгузорӣ гузашти низомии ротаи қаровули фахрии гарнизони Душанбе баргузор шуд.
***
9 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва иштирок намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.
***
9 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба изҳор доштанд: «Аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар соли 1941 беш аз 300 ҳазор нафар – бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо, яъне қувваи асосии корӣ ба майдони ҷанг сафарбар гардида, беш аз сад ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расид, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст. Хотиррасон менамоям, ки дар он солҳо заҳмату машаққати ақибгоҳ асосан бар дӯши кӯдакону наврасон ва занону пиронсолон монда буд. Онҳо дар шароити бисёр вазнин ва бо вуҷуди маҳрумияту машаққати сангин фидокорона заҳмат кашида, ҳам мардуми мамлакатро бо маводи ғизоӣ таъмин карданд ва ҳам дар таъминоти муҳофизони озодии халқҳо саҳми арзишманд гузоштанд».
***
9 майи соли 1975 дар шаҳри Душанбе боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ғалаба» ифтитоҳ гардид.
***
9 майи соли 2009 намояндагони созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Русия дар Конфронси таъсискунандаи Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
***
9 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd (Малайзия) Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.
***
9 майи соли 1956 Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба ҳайати Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ — НАТО) шомил шуд.