ТАРБИЯИ ХОНАНДАГОН ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ. Бо ин мақсад дар 23 муассисаи пойтахт вохӯрӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 18.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 16 то 31 май дар 23 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт мулоқоти хонандагону омӯзгорон бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Аз ҷумла, чунин вохӯрӣ 17 май дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе доир карда шуд. Дар он таъкид шуд, ки ватандӯстӣ дар қатори эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз қисматҳои фарҳанги халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватандӯстӣ арзиши меҳварӣ буда, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» иқдоми наҷиб ва натиҷаи дастгирию татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.
«Бо қабули қонуни мазкур низоми дахлдори тарбияи ватандӯстӣ ташаккул ёфта, дар заминаи сохторҳои мухталиф дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Қабули қонун хусусан дар шароити мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассуби бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон ва вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад», -иброз дошта шуд зимни вохӯрӣ.
Иштирокчиён аз содиршавии ҳолатҳои вайронкунии қонуну ҳуқуқ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамонро ёдовар шуданд. Иброз гардид, ки вазифаи аввалиндараҷаи наврасону ҷавонон- таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






