ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ. Хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ба хизмати ҳарбӣ омода мегарданд
ДУШАНБЕ, 21.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 15 то 20 май хонандагони синфҳои 10 ва 11 — и муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тибқи нақшаи таълимӣ дар машғуоияти ҳарбии шашрӯза иштирок карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
Зимни машғулияти ҳарбии шашрӯза хонандагони синфҳои болоӣ бо қоидаҳои будубоши ҳарбӣ, аслиҳаи ҷангӣ ва дигар қонуну қоидаи низомӣ шинос гардида, донишу фаҳмиши худро оид ба омодагии ибтидоии ҳарбӣ беҳтар мекунанд.
Ҳадаф аз гузаронидани ҷамъомади ҳарбии шашрӯза- омода намудани хонандагони синфҳои болоӣ ба хизмати ҳарбӣ мебошад. Онҳо дар қисмҳои низомӣ аз шароити будубош дидан карда, бо сарбозон суҳбатҳои озод доир ва аз рӯйи дарсҳои гузашта тамрин карданд.
Ин гуна машғулият метавонад дар бештар гардидани муҳаббати ватандӯстӣ дар дили хонандагон мусоидат кунад ва ҷиҳати ҷалб гардиданашон ба қисмҳои низомӣ таъсири мусбат расонад.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






