ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ. Хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ба хизмати ҳарбӣ омода мегарданд

Май 21, 2023 16:06

ДУШАНБЕ, 21.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 15 то 20 май хонандагони синфҳои 10 ва 11 — и муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тибқи нақшаи таълимӣ дар машғуоияти ҳарбии шашрӯза иштирок карданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Зимни машғулияти ҳарбии шашрӯза хонандагони синфҳои болоӣ бо қоидаҳои будубоши ҳарбӣ, аслиҳаи ҷангӣ ва дигар қонуну қоидаи низомӣ шинос гардида, донишу фаҳмиши худро оид ба омодагии ибтидоии ҳарбӣ беҳтар мекунанд.

Ҳадаф аз гузаронидани ҷамъомади ҳарбии шашрӯза- омода намудани хонандагони синфҳои болоӣ ба хизмати ҳарбӣ мебошад. Онҳо дар қисмҳои низомӣ аз шароити будубош дидан карда, бо сарбозон суҳбатҳои озод доир ва аз рӯйи дарсҳои гузашта тамрин карданд.

Ин гуна машғулият метавонад дар бештар гардидани муҳаббати ватандӯстӣ дар дили хонандагон мусоидат кунад ва ҷиҳати ҷалб гардиданашон ба қисмҳои низомӣ таъсири мусбат расонад.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Май 21, 2023 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид