ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ — ХАТАРИ ҶИДДӢ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Дар Душанбе доир ба ин мавзӯъ ҳамоиш доир шуд

Май 7, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 07.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон»«Шифобахш» вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ин падидаҳои номатлуб ба пешрафт ва шукуфоии ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид сохта, монеаи рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим мегарданд.

Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти мамлакат дар бар мегирад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, ба рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад, дар маҷмуъ боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, мулоқот бо роҳбарони давлатҳо, зиёиён, ҷавонону занон пайваста дар бораи торафт реша давонидани терроризм ва ифротгароӣ хушдор дода, онҳоро ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар сокини сайёра маҳкум менамоянд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Дар ҳамоиш иштирокчиён дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия- вазифаи асосии ҳар шаҳрванд» ва «Терроризм ва экстремизм- хатари саросарии ҷомеаи ҷаҳонӣ» маъруза намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремизм ва терроризм ба ҳозирин видеоролик намоиш дода шуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 7, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд