ТО ДАРОМАДГОҲҲОИ ДУШАНБЕ. Воситаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳру ноҳияҳои дигар ҳуқуқ доранд мусофиронро то ин ҷо интиқол диҳанд
ДУШАНБЕ, 26.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи шаҳрдорӣ, воситаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд, ки мусофиронро танҳо то терминалҳои даромадгоҳҳои шаҳри Душанбе интиқол диҳанд. Вале мушоҳидаҳо бозгӯи он аст, ки ҳамарӯза таксиҳои минтақаҳои дигар дар пойтахт ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, ба низоми хизматрасонии нақлиёти мусофирбари пойтахт халал мерасонанд. Ин амал ба тамбашавӣ ва риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боис мегардад. Ин матлаб зимни ҷаласае, ки дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати пешгирии ба шаҳри Душанбе воридшавии таксиҳои шаҳру навоҳии атрофи пойтахт бо иштироки роҳбарону намояндагони ширкату ҷамъиятҳои хизматрасонии мусофиркашонӣ доир гардид, баён шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт Далер Қурбонзода гуфт, ки ҷиҳати пешгирии воридшавии воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф ба ҳудуди пойтахт, тамбашавии нақлиёт ва дар доираи квотаи муайяншуда ба танзим даровардани онҳо пайваста тадбирҳо андешида мешаванд, аммо ҳолати хизматрасонии таксӣ дар пойтахт ҳанӯз ташвишовар буда, ба талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷавобгӯ нест.
Дар ҷаласа натиҷаи корҳои гузаронидаи Раёсати Хадамот дар пойтахт баррасӣ гардид, ки чунин ҳолат ба воситаҳои нақлиёти ҶДММ «Ҷасур Т»- и ноҳияи Рӯдакӣ -14 маротиба, 11 ҳолат ба «Сафар Ориён»-и шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор, 2 ҳолат ба «ХС Узтрейд Тоҷикистон»- шаҳри Ваҳдат, 2 ҳолат ба «Нақлиёт»-и шаҳри Ҳисор, 2 ҳолат ба «Самара»-и шаҳри Ваҳдат тааллуқ дошта, нисбат ба ин ронандагон протоколҳои ҳукуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Таъкид шуд, ки ҶДММ «Хатлон», ки макони ҷойгиршавиаш шаҳри Бохтар аст, филиалҳои худро бо 31 адад таксӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 50 адад таксӣ дар шаҳри Норак таъсис додааст ва фаъолияти ғайриқонунии як қисми ин таксиҳо дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.
«Варзобнақлиёт», ки бо 630 адад таксӣ дар масири Душанбе-вилояти Суғд ба мусофиркашонӣ машғул аст, вазифадор гардид, ки фаъолияти худро то нуқтаи муайяншуда – терминали «Чорбоғ» ба роҳ монад.
Иброз гардид, ки ширкатҳои мусофирбари таксӣ, ки зери брендҳои «1111», «3333», «888» ва «1616» дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд, дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор филиалҳои худро боз намудаанд ва ронандагони ин филиалҳо бо намои (экипировкаи) ин ширкатҳо дар пойтахт ғайриқонунӣ мусофиркашонӣ мекунанд.
Дар ҷаласа ба роҳбарон ва намояндагони ҳамаи ширкату ҷамъиятҳои мусофирбар супориш дода шуд, ки камбудиҳоро бартараф намуда, ҷиҳати пешгирии воридшавии таксиҳои шаҳру навоҳии атроф ба пойтахт тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Ба сардорони шуъбаҳои дахлдори Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе супорида шуд, ки назоратро ҷиҳати пешгирии ҳолати мазкур пурзӯр намоянд.
Раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, минтақаҳои Ҳисор, Рашт, Бохтар муваззаф шуданд, ки фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти прокуратура ва РБДА- и ВКД ҶТ ҳамоҳанг намуда, дар ҳолати минбаъд содиршавии қоидавайронкуниҳо нисбат ба ширкату ҷамъиятҳои мусофирбарӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






