ТО ДАРОМАДГОҲҲОИ ДУШАНБЕ. Воситаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳру ноҳияҳои дигар ҳуқуқ доранд мусофиронро то ин ҷо интиқол диҳанд

Май 26, 2023 14:26

ДУШАНБЕ, 26.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи шаҳрдорӣ, воситаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд, ки  мусофиронро танҳо то терминалҳои даромадгоҳҳои шаҳри Душанбе  интиқол диҳанд. Вале мушоҳидаҳо бозгӯи он аст, ки ҳамарӯза таксиҳои минтақаҳои дигар дар пойтахт ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, ба низоми хизматрасонии нақлиёти мусофирбари пойтахт халал мерасонанд. Ин амал ба тамбашавӣ ва риоя нашудани  қоидаҳои ҳаракат дар  роҳ боис мегардад. Ин матлаб зимни ҷаласае, ки дар  Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт  ҷиҳати пешгирии ба шаҳри Душанбе воридшавии таксиҳои шаҳру навоҳии атрофи пойтахт бо иштироки роҳбарону намояндагони ширкату ҷамъиятҳои  хизматрасонии мусофиркашонӣ доир гардид, баён шуд.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт Далер Қурбонзода гуфт, ки ҷиҳати пешгирии воридшавии  воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф ба ҳудуди пойтахт, тамбашавии нақлиёт ва дар доираи квотаи муайяншуда ба танзим даровардани онҳо пайваста тадбирҳо андешида мешаванд, аммо ҳолати хизматрасонии таксӣ дар пойтахт ҳанӯз ташвишовар буда,  ба талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе  ҷавобгӯ нест.

Дар ҷаласа натиҷаи корҳои гузаронидаи Раёсати Хадамот дар пойтахт баррасӣ гардид, ки  чунин ҳолат ба воситаҳои нақлиёти ҶДММ «Ҷасур Т»- и ноҳияи Рӯдакӣ -14 маротиба, 11 ҳолат ба «Сафар Ориён»-и  шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор, 2 ҳолат ба «ХС Узтрейд Тоҷикистон»- шаҳри Ваҳдат, 2 ҳолат ба «Нақлиёт»-и шаҳри Ҳисор, 2 ҳолат ба «Самара»-и шаҳри Ваҳдат тааллуқ дошта, нисбат ба  ин ронандагон протоколҳои ҳукуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Таъкид шуд, ки ҶДММ «Хатлон», ки макони ҷойгиршавиаш шаҳри Бохтар аст, филиалҳои худро бо 31 адад таксӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 50 адад таксӣ дар шаҳри Норак таъсис додааст ва фаъолияти ғайриқонунии як қисми ин таксиҳо дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.

«Варзобнақлиёт», ки бо 630 адад таксӣ дар масири Душанбе-вилояти Суғд ба мусофиркашонӣ машғул аст, вазифадор гардид, ки фаъолияти худро то нуқтаи муайяншуда – терминали «Чорбоғ» ба роҳ монад.

Иброз гардид, ки ширкатҳои мусофирбари таксӣ, ки зери брендҳои «1111», «3333», «888» ва «1616» дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд, дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор филиалҳои худро боз намудаанд ва ронандагони ин филиалҳо бо намои (экипировкаи) ин ширкатҳо дар пойтахт  ғайриқонунӣ мусофиркашонӣ мекунанд.

Дар ҷаласа ба роҳбарон ва намояндагони ҳамаи ширкату ҷамъиятҳои мусофирбар супориш дода шуд, ки камбудиҳоро бартараф намуда, ҷиҳати пешгирии воридшавии таксиҳои шаҳру навоҳии атроф ба пойтахт тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Ба сардорони шуъбаҳои дахлдори Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе супорида шуд, ки назоратро ҷиҳати пешгирии ҳолати мазкур пурзӯр намоянд.

Раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, минтақаҳои Ҳисор, Рашт, Бохтар муваззаф шуданд, ки фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти прокуратура ва РБДА- и ВКД ҶТ ҳамоҳанг намуда, дар ҳолати минбаъд содиршавии қоидавайронкуниҳо нисбат ба  ширкату ҷамъиятҳои мусофирбарӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2023 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд