Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Қазон иштирок менамояд

Май 14, 2023 19:02

ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 20 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия- шаҳри бостонии Қазон Форуми байналмилалии иқтисодӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус корманди Дафтари матбуоти хориҷии ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалии иқтисодӣ Василий Кочаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 57 давлати ҷаҳон дар ин форум иштирок менамоянд. Дар чорчӯби KazanForum-2023 тақрибан 200 чорабинӣ, аз ҷумла 140 нишасти мавзуӣ баргузор хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин мавзуъҳоест, ки бо иштироки коршиносони шинохтаи ду давлат, дипломатҳо, ҷомеашиносон ва рӯзноманигорон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Форуми мазур бори нахуст соли 2009 баргузор гардида буд.

Форуми байналмилалии иқтисодӣ  дар Маркази Байналмилалии Намоишгоҳи «Қазон Экспо» баргузор гардида,  дар кори он меҳмонони сершумори ватаниву хориҷӣ –намояндагони сиёсату тиҷорат ва  илму фарҳанг иштирок менамоянд.

Ҳамасола Форум бо дастгирии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон баргузор мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 14, 2023 19:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд