Тоҷикистон пешрафтро дар масъалаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таъкид намуд

Май 5, 2023 14:16

ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4-5 май дар шаҳри Панаҷии Ҳиндустон ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, роҳбарони ниҳодҳои корҳои хориҷӣ роҷеъ ба масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкори амиқ анҷом доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки баргузории он 4-5 июли соли 2023 дар Деҳлии Нав дар назар аст, зоҳир гардид.

«Созмони ҳамкории Шанхай бояд минбаъд низ рисолати асосии худ – рушди ҳамкорӣ дар асоси баробарҳуқуқии ҳамаи давлатҳои аъзо, эҳтироми мутақобила, нафъи мутақобила ва риояи қатъии иттифоқи ороро самаранок иҷро намояд», — гуфт зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати густариши ҳамкории амалӣ дар соҳаи иқтисодӣ дар доираи СҲШ даъват ба амал овард. Дар робита ба ин зарурати анҷоми ҳарчи зудтари раванди гуфтушунид оид ба татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 таъкид гардид.

Дар заминаи баррасии мушкилоти амнияти минтақавӣ ва таҳдиди маводи мухаддир Сироҷиддин Муҳриддин пешрафтро дар ҳамоҳангсозии пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар бораи таъсиси як ниҳоди алоҳидаи доимамалкунандаи СҲШ – Маркази зиддимухаддиротӣ дар Душанбе таъкид намуда, ҳамчунин аҳаммияти ривоҷ додани ташаббуси барпо намудани «камари бехатарӣ» атрофи Афғонистонро таъкид намуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки узвияти комилҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар СҲШ имконоти навро барои афзоиши зарфияти ин Созмон боз мекунад.

Зимни ҷаласа бо қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони олимпии Бозиҳои олимпии соли 2016 ва муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Назаров Дилшод бо унвони фахрии «Сафири иродаи нек»-и СҲШ сарфароз гардонида шуд.

Аз натиҷаи ҷаласа 14 қарор қабул шуда, тафоҳумномаҳо дар бораи додани мақоми шарики муколамаи СҲШ ба Ҷумҳурии Малдив, Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Давлати Кувайт ба имзо расид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2023 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд