Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ ҳамкориро таҳким мебахшанд
ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд, ки дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ то 13 май идома меёбад, Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва Директори генералии Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ Доктор Абдулҳамид Алхалифа вохӯрӣ намуда, маҷмуи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ карданд.
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ дархост гардид, ки Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, иқтисоди «сабз» ва иқтисоди рақамӣ маблағгузорӣ намояд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ баён доштанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






