Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ ҳамкориро таҳким мебахшанд

Май 12, 2023 14:18

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд, ки дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ то 13 май идома меёбад, Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва Директори генералии Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ Доктор Абдулҳамид Алхалифа вохӯрӣ намуда, маҷмуи  масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ карданд.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ дархост гардид, ки Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, иқтисоди «сабз» ва иқтисоди рақамӣ маблағгузорӣ намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ баён доштанд.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 12, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд