Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро доир ба масоили ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ,13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар заминаи ҳифзи муҳити зист зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Ачар дар Душанбе баррасӣ карда шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки раиси Кумита омодагии худро ба имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист» таъкид намуд. Лоиҳаи созишномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2019 тасдиқ карда шудааст.
Инчунин дар мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи «Zero waste», мониторинги сифати ҳаво, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба коркарди партовҳо, марҳила ба марҳила даст кашидан аз халтаҳои пластикии то 15 микрон ва коркарди дубораи маводи пластикӣ баррасӣ гардид.
Сафири Ҷумҳурии Туркия ҳавасмандии худро ба ҳамкории дуҷониба ва таҳкими ҳамкории вазоратҳои муҳити зисти ду давлат изҳор намуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукума ти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






