«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 62 иштирокчии даври шаҳрии озмун дар Норак ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт
НОРАК, 28.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» даври шаҳрии озмуни мазкур баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Дар даври шаҳрии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аъзои ҳакамон аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва инчунин муовини раиси шаҳр иштирок карда, ба ҳунарнамоии 141 довталаб аз рӯйи рӯи 5 номинатсия баҳо гузоштанд, ки дар натиҷа 62 довталаб ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт.
Мақсади асосии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани фаъолияти фарҳангии ҷавонон, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, рассомӣ ва интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд мебошад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро дар ин озмун тараннуми ватандӯстиву ватанпарварӣ, дастовардҳои замони истиқлол, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллию мероси пурғановати ниёгонамон ташкил медиҳанд. Ҳар иштирокчии озмун ҳангоми ҳунарнамоӣ кӯшиш менамояд, ки ба ҳайати ҳакамон сатҳи касбияти худро нишон дода, ба даври баъдӣ роҳхат гирад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






